Аҳмади Дониш
From Википедиа
Аҳмад Маҳдуми Дониш яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар хамин ҷо хонадор мешавад. Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шеърнависӣ, рассомӣ,наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.
Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло кашида мешавад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати элчии аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А.Дониш дар ин сафараш тараққиёти давлати русро нағз меомӯзад. Орзуи ин шоир ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ чунин мамлакати тараққикарда барпо карда шавад. Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад.Дар он дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст. Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асархои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.