Карина Капур
From Википедиа
करीना कपूर کرینا کاپور Карина Капур |
|
---|---|
Зодаи | 21 сентябр, 1980 |
Карина Капур (ҳиндӣ: करीना कपूर, урду: کرینا کاپور) - ҳунарпешаи синамои Ҳинд ва яке аз овозадортарин ҳунармандони Болливуд дар айни замон мебошад. Ӯ 21 сентябри соли 1980 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ба дунё омадааст.
Мундариҷа |
[вироиш] Оила
Дар Ҳиндустон касе нест, ки хонаводаи ҳунарпешагон Капурҳоро надонад. Синамо барои онҳо санъати аҷдодӣ буда, аз насл ба насл мегузарад. Карина Капур абераи ҳунарпешаи шинохта Притвираҷ Капур мебошад. Ӯ набераи ҳунарпеша ва продюсер Раҷ Капур ва духтари Рандҳир Капуру ҳунарпеша Баббита аст. Хоҳари Карина Каришма Капур низ санъати синаморо пеша кардааст.
[вироиш] Карйера
Каринаро дар ҷодаи санъат филми аввалинаш «Фирорӣ»(соли 2000) машқур гардонид. Ӯ дар ин филм ниҳоят моҳирона нақш офарида, сазовори як чанд ҷоизаҳои умумиҳундустонӣ дар соҳаи синамо гардидааст (ҷоизаи Болливуд, ҷоизаи Film Fare Sensation Debut, ҷоизаи Sansui). Филми «Фирорӣ» барои дигар ситораи навини синамои Ҳинд -Абҳишек Баччан низ филми аввалин буд.
Филми дуюм бо иштироки Карина он қадар шӯҳратёр нагардид. Вале дар ин ҷо низ Карина Капур таваҷҷӯҳи мунаққидонро ба худ ҷалб намуд. Офаридани нақши Пуҷа дар филми «Дар шодиву ғам» ӯро маҳбуби ҳамагон гардонид (коргардон Яш Чопра, дар нақшҳои асосӣ дар баробари Карина Капур, Ранӣ Мукҳерҷӣ ва Ҳритик Рошан). Баъд аз ин филм ӯ ситораи ҳақиқии синамои Ҳинд гардид.
Карина мехост, ки аз нақшофарии аввалинаш cap карда, ӯро ҳамчун ҳунарпешаи асил бишиносанд ва ӯ ба ин ноил ҳам гардид.
[вироиш] Филмҳо бо иштироки Карина Капур
- Ривояти ишқ, 2050 (лоиҳа)
- Ҷаноби Меҳта ва хонуми Сингҳ (лоиҳа)
- Дӯстӣ (2005)
- Бевафо (2004)
- Эътироз (2004)
- Фидо (2004)
- Дев (2004)
- Хушӣ (2003)
- Талош (2003)
- Дар шодиву ғaм (2001)
- Аҷнабӣ(2001)
- Фирорӣ (2000)