Кӯлоб
From Википедиа
Кӯлоб | |
[[Акс:|center|150px]] | |
Герб города ?? |
|
Вилоят: | Хатлон |
---|---|
Асос гузошташудааст: | |
Шаҳр с: | Кӯлоб |
Координатаҳо: | ?? с.ш.; ?? в.д. |
Иқлим: | мӯътадил |
Масоҳат (га): | ?? |
Тӯлкаши (км): | ?? |
Дарози (км): | ? |
Аҳолӣ, ҳазор нафар: | 78 000 |
Коди телефонӣ: | +380 ("+380"-ро қайд накунед) ?? |
Нишонаи почта: | |
Вақт: | UTC +5 |
Шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-94 бостоншиносон Музаффар Азизов ва П. Самойлик аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур далели раднашавандаи таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.
Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дасгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов соли 2001-ум шурӯъ шуда то кунун идома дорад. Дар акнофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд .ки панҷ тои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5- 2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.
Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои 7-6 -и пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ ба вижа кӯзагарӣ,ки усулан хоси мардумони шаҳранд, хело рушд карда буда аст. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст.
Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Юсуфшо Яъқубов дар акнофи қалъаи Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кушониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1- пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр осори даврони ҳукмронии Юнону Бохтарро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Қабатҳои зисти Юнонӣ Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи он мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай дар масоҳати 200 -300 метр қабатҳои замони Юнонӣ Бохтарӣ мушоҳида мешаванд. Дар қабатҳо сафолҳои ин давра пайдо карда шудаанд. Ҳамин тавр дар замони Юнонӣ Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат буд. Қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳр ҷойгир буд. Дар назди ин қалъа шаҳристон вуҷуд дошт. Ин шаҳристон чандон калон набуда, масоҳаташ 170х150 метрро ташкил мекард. Дар ин мавзеъ чашмаҳо бисёранд ва он барои зиндагӣ хело мувофиқ аст.
Дар ҳавлии хонаи 149, воқеъ дар кӯчаи якуми Май ёдгорие пайдо намуданд.ки ба замони Ҳахоманишиён (асри 4-и пеш аз мелод), замони Юнону Бохтарӣ ва давлатдории Кушониён мансуб мебошад.
Мундариҷа |
[вироиш] Таърих
Шаҳри Кӯлоб бо таьрихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои 9-8- пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд. Дар ибтидои асри 16- Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»),ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки « Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар асри 13 то асри 16 ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
Мақолаи дуввум, «Дар бораи тасарруфи Кӯлоб аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ» роҷеъ ба вазьи сиёсии шаҳри Кӯлоб ва аъзои ҳукумати Абдуллохон то давраи ҳуҷум ба Кӯлоб нақл мекунад.
Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми олимону бостоншиносони рус аз ҷумла Маева, Н,А, Матвеева, Покатило Н. Н, Семенов А. А, Баринский А. А, Варична М.А калон аст. Дар асарҳои худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои топаграфӣ, маконҳои таърихӣ ва дигар махсусиятҳои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама таърихи шаҳр ба омӯзиши чуқур ва ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ-Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии ш.Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, номбар карда мешавад. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар ба муқобили Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш фикру мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, ба ақидаи Ю.Яъқубов шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ба фикри ҳамин муаллиф ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми во мехурад. Дар назди он қалъаи қадиме низ ҳаст. Эҳтимол, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.
[вироиш] Маориф
Дар шаҳри Кӯлоб 63 муасиссаи таьлимӣ амал мекунад,ки аз он 39 тояш муассисоти таьлимоти умумӣ, 5 мактаби асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ 3 литсей,2 мактаб-интернат, 1- муассисаи тарбиявӣ ғайримактабӣ мебошад.
Шумораи муҳасилин дар макотиби таҳсилоти умумӣ 42 581 нафарро ташкил мекунад. Ба онҳо 2240 нафар устодон таълим медиҳанд. Аз ҷамьи умумии муаллимон 1916 нафар яъне (85,5) фисадашон дорои маьлумоти Олӣ мебошанд. 142 нафари дигар соҳиби маьлумоти нопурраи Олӣ ва 182 нафари дигар тахасуси миёна доранд. Аз шумораи дар боло зикр шуда 135 нафар устодон дараҷаи олии тахасус, 132 нафар дараҷаи якум ва 122 нафари дигар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Чор муаллим бо унвони ифтихории корманди Шоистаи Тоҷикистон ва 151 муаллим бо нишони Аълочии Маорифи Тоҷикистон сарафроз гаштаанд.
Соли 2004 бо кӯмаки президенти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаб ва соли 2005 боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштанд. Ҳамчунин дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳия таьмир оғоз шуда аст.
Соли 2005 ҳамаи мактабҳои шаҳру ноҳия бо усули нави маблағгузори гузаштанд, ки ин усул аллакай натиҷаи дилхоҳ нишон дод. Айни замон дар муассисаҳои таьлимӣ 21- ҳазор мизу курсӣ, 320 компутар ва 10- муҳарики барқи мавҷуд аст. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин як донишгоҳи давлатӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, ду омӯзишгоҳи касбии техникӣ, омӯзишгоҳи санъат фаьолият менамоянд, ки барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мутахассис тайёр менамоянд.
[вироиш] Васоити ахбори омма
Дар шаҳри Кӯлоб се рӯзнома ( ҳафтавор) « Садои Кӯлоб» «Кулябская Правда», « Навиди Кӯлоб» як телевизиони маҳалли «Телевизиони Кӯлоб» як ниҳоди мустақили хабарии «Хатлон-Пресс» фаьолият мекунанд. Ниҳодҳои номбаршуда мунтазам мардумро аз таҳаввулоти шаҳр ва водии Кӯлоб огаҳ месозанд. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзномаи Донишгоҳ бо номи «Анвори дониш» фаъол аст,ки аз ҳаёти донишҷӯёни донишгоҳ мавод чоп мекунад. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин моҳвораи «Шаҳрванд»-и Ташкилоти ғайридавлатии Шаҳрванд ба табъ мерасад.
Ғайр аз ин аҳолии Кӯлоб аз тамошои намоишҳои Телевизиони Тоҷикистон, телевизиони Хатлон, шабакаи РТР бархурдоранд. Ба шаҳри Кӯлоб мунтазам рузномаҳои маркази аз қабили «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари Халк», «Миллат», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Азия-Плюс» ва дигар рӯзномаҳо оварда мешаванд,ки мардум ба тариқи обуна ва харидорӣ аз дӯкон онҳоро мутолиа мекунанд.
Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб якчанд нуқтаи истифодаи Интернет аз ҷумла дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ва мактаби №40 мавҷуд аст.
[вироиш] Бародаршаҳрӣ
Шаҳри Кӯлоб бо шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон бародаршаҳранд. Тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ 20 Марти соли 2001 дар чаҳорчуби ҳамкориҳои ин ду шаҳр ба имзо расида аст. Дар доираи ин тафоҳумнома як зумраи корҳо ба анҷом расиданд. Чуночи як гуруҳи мутахассисини кӯлоби моҳи сентябр-октябри соли 2001 ба шаҳри Ҳамадон сафар карданд. Дар ин сафар онҳо бо вазьи иқтисодӣ-иҷтимоии сокинони шаҳри Ҳамадон ошно гашта, аз амкони таьрихӣ ва муқаддаси ин шаҳри бостонӣ зиёрат карданд.
Моҳи Марти соли 2002 гуруҳи варзишгарони Ҳамадони ба Кӯлоб ташриф оварда дар чанд риштаҳои варзиш қувваозмоӣ карданд.
Дар моҳи апрели соли 2003 бошад ташрифи ҷавобии варзишгарони Кӯлоби ба шаҳри Ҳамадон сурат гирифт.
Ба хотири бародаршаҳри дар шаҳри Кӯлоб яке аз хиёбонҳои шаҳр ба номи Ҳамадон номгузорӣ гашта, Хонаи Ҳамадон бунёд ёфт. Дар Ҳамадони Эрон бошад чунин як хиёбон номи Кӯлобро гирифта ва низ Хонаи Кӯлоб таьсис ёфт.