К2
From Википедиа
К2 (Чогори) — дуюмин балантарин қуллаи кӯҳӣ баъд аз Эверест. Баландии вай 8611 метр аз сатҳи баҳр мебошад. К2 дар Покистон ҷойгир шудааст ва ба массиви кӯҳии Каракорум дохил мешавад, кадоме ки дар ғарб аз Ҳимолой. Номҳои дигари К2: Чогори, Дапсанг, Годуин-Остен.
[вироиш] Таърих
К2 -ро экспедисияи аврупоиҳо дар соли 1856 дарёт карданд. Кӯҳро бо аломати «К2» ҳамчун дуюм аз баландтарин қуллаҳои кӯҳии Каракорум қайд карда шуда буд. Баландиҳо/Қуллаҳое, ки бо К1, К3, К4 ва К5 номгузори шуда буданд, дертар номҳои худро гирифтан ва дар ҳоли ҳозир онҳо Машербрум, Броуд Пик, Гашербрум II и Гашербрум I мебошанд. К2 номи худро дошт, аммо ба аврупоиҳо шинос набуд. Таърихи ҳамин хел шуд, ки номи аз ҳама паҳншудаи ин ҳамин номи техникии К2 мебошад.
Якум кӯшиги баромадан соли 1902 аз тарафи Оскар Экерштейн ва Алистер Кроули, аммо муваффақият ба даст наомад. Якумин шуда ба қуллаи К2 экспедисияи итолиёвиҳо соли 1954 бо сарварии Ардито Дезио баромаданд. 31 июл алпинистони\кӯҳнавардони итолиёвӣ Лино Лачеделли ва Ахилле Компаньони якум шуда ба қуллаи К2 баромаданд.
Баромадан ба К2 аз рӯи техники душвортар аст, назар ба Эверест. То 2000 сол дар қуллаи К2 189 нафар одмаон баромаданд, 49 нафар вафот карданд дар вакти кӯшиши баромадан. Дар як вақт ба Эверест қариб 1500 нафар баромаданд. Якум зане, ки ба К2 баромад, ин кӯҳнаварди Полша Ванда Руткевич (1986).
[вироиш] Филмхо дар бораи К2
- «Вертикальный предел»
- «К2»
[вироиш] Китобҳо дар бораи К2
- Дезио А. Вторая вершина мира: пер. с нем., Эванс Ч. Неприкосновенная Канченджанга: пер. с англ./Предисл. В. А. Иванова. — М.: Физкультура и спорт, 1984. — 253 с.