Осафӣ
From Википедиа
Хоча Камолиддин писари Хоча Наимуддин Неъматуллохи Кухистони аз шогирдони забардасти Абдурахмони Чоми буда,соли 1449 (853 хичри) дар Хирот таваллуд шудааст.Падари у муддате вазири Султон Абусаид (855/1451-872/1468)будааст.Осафи дар мадрасахои зодгохи худ - Хирот илм омухта, аммо ба макоме сохиб намегардад ва ба сахти ва кашшоки руз мегузаронад. Баъдан муддате дар Балх зиста бо писари Султон Хусайни Бойкаро - Бадеуззабон Мирзо ки аз соли 1497 (903 Хичри) хукмрони мустакили Балх буд, каробат пайдо мекунад.Осафи ба Макка хам сафар карда буда аст.Осафи 3 сентябри 1517 (16 шаъбони 923 хичри ) дар Хирот фавтидааст. Ба кавли тазкиранависон Осафи ду руз пеш аз вафоташ ин китъаро гуфта будааст, ки мисраи чахорум таърих буда аз он 923 мебарояд:
- Соле, ки рух Осафи ба хафтод ниход
- Хафтод тамом карду аз пой фитод
- Шуд дар хафтоду мисраи таърихаш
- Паймуд рохи бакоъ бо гоми хафтод.