Сабзӣ
From Википедиа
Сабзӣ (Daucus) — ыинси растаниҳои оилаи чатрдорон.
[вироиш] Images
Ин мақола ҳанӯз ҷавона аст. Бо густариши он ба Википедиа кӯмак кунед. Сабзӣ — растании дусолае (хеле аҳёнан - бисёрсола) аст, ки соли аввал беху барг карда, соли дуюм буттаи тухмӣ мешавад ва тухм тайёр мекунад.
Дар рӯи замин, аз он ҷумла, дар мамолики минтақаи баҳри Миёназамин, Африқо, Австралия, Зеландияи Нав ва Амрико хеле паҳн шудааст (тақрибан 60 намуд).
Сабзии полезӣ намуди аз ҳама беш паҳнгардидаи сабзӣ мебошад (Daucus sativus, Daucus carota). Он растании дусолаи дорои бехи сурх, зард ва оранҷӣ аст. Вазни бехи сабзӣ 30-300 г ва зиёдтар аст.
[вироиш] Истифода
Бехи сабзиро барои истеъмол дар таом ва тухмашро барои тайёр кардани ҳар гуна қиёму экстрактҳо истифода мебаранд. Дар бехи сабзӣ каротиноидҳо — каротинҳо, фитоен, фитофлуен ва ликопин; витаминҳои В, В2, кислотаи пантотен, кислотаи аскорбин, флавоноидҳо, антотсианидинҳо, қанд (3-15 %), чарб ва каме равғани эфир, умбеллиферон; дар тухмаш — равғани эфир, флавонҳо ва равғани тухми сабзӣ мавҷуданд. Дар таркиби гулаш антотсианҳо ва флавоноидҳо (кверсетин, кемпферол) бисёранд.
Сабзиро дар тиб ҳангоми гипо- ва авитаминоз истифода мебаранд. Тухми сабзӣ барои тайёр кардани маводи доруворӣ ва равғани эфири дар таркиби он буда барои истеҳсоли хушбӯӣ ва ароматерапия истифода мешаванд. Дар тибби халқӣ низ он татбиқи васеъ дорад.
[вироиш] Адабиёт
Марков В. М., Овощеводство, М., 1966.