Убайди Зоконӣ
From Википедиа
Убайди Зоконӣ - шоири адабиёти классикии форсу-тоҷик Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайд ва машҳур ба Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бузургтарин ҳаҷвнавис буда, фасоди замон, иллатҳои даврон ва нуқсонҳои табақаи ҳокимӣ чамъиятӣ феодалиро ҳаҷву маҳкум менамояд. Ӯ соли 1270 дар Қаряи Зокон,ки аз тавобеи Қазвин буд, ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии Убайд дар Қазвин гузашта, дониши мадрасагиро ӯ дар Шероз фаро гирифтааст.