Умари Хайём
From Википедиа
Умари Хайём (Хатти ниёгон: عمر خیام) -( шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва астрономи бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст.
Хайём дар соли 1048 милодӣ дар Нишопур зода шуд ва дар соли 1131 милодӣ мурд. Вожаи "xайём" яъни Хайма-дӯз.
Умари Хайём олим ва шоири барҷастаи асрҳои XI— XII мебошад. Номи аслии шоир Абулфатҳ Умар бинни Иброҳим буда, Хайём лақаби ӯст. Ӯ соли 1040 дар Нишопур таваллуд ёфта, солҳои ҷавони ва таҳсили илмиро дар ин ноҳия гузаронидааст. Дар солҳои ҷавонӣ шоир вақти худро бештар 6а омӯхтани илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайраҳо сарф кардааст, Шӯҳрати Хайём бештар аз рубоиҳои ӯ мебошад. Шоир соли 1095 ба Арабистон меравад. Соли 1112 6а ватанаш — Нишопур баргашта, соли 1123 вафот кардааст. Аз мёроси адабии Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забои навиштаи у боқӣ мондаанд, Аз шеърҳои ба забони арабӣ навиштаи шоир фақат 5 қитъа то давраи мо омада расидаанд. Аз шеърхои тоҷикиаш бошад, дар баъзе маъхазхо 172 ва дар баъзеи дигар 252 рубоӣ зикр ёфтааст.