Давлати Сомониён
From Википедиа
Аввалин давлати тоҷикон. Дар охири асри IX ташкил шудааст ва соли 999 аз тарафи давлати Қарахониён аз байн бардошта шудааст. Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким - Сомониён гирифта шудааст. Сардафтари адабиёти форсу тоҷик - Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ин замон умр ба сар бурдааст. Давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ (892-907) айёми гулгулшукуфии давлати Сомониён ба ҳисоб меравад. Дар ин давра илму ҳунар ва санъат ривоҷу равнақ ёфта, адабиёти хаттии форсӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфт. Аксари ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва қисман Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Эрони ҳозираро дар бар мегирифт. Марказаш шаҳри Бухоро буд.Портал:Таърих