Тоҷикистон
From Википедиа
Шиор: нет | |
Гимн: «Суруди миллӣ» | |
Рӯзи истиклолият | 9 сентябр, 1991 (аз СССР) |
Забони расмӣ | Забони тоҷикӣ |
Пойтахт | Душанбе |
Шаҳри калонтарин | Душанбе |
Идораи давлат | Ҷумҳурӣ |
Президент | Эмомалии Раҳмон |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
-ум ҷой дар ҷaҳон 143 100 км² 0,3 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 7 163 506 нафар 50 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2005) • Ба сари аҳолӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 1,46 млд € 937 € |
Пули миллӣ | сомонӣ |
Интернет-Домен | .tj |
Коди телефон | +992 |
Соат | UTC +5 |
Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, аз ҷануб бо Афғонистон, аз щарқ бо Чин, аз шимол бо Қирғизистон ва аз шимол ва ғарб бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Пойтахти Тоҷикистон Душанбе аст.
Мундариҷа |
[вироиш] Маълумоти Ҷуғрофии Точикистон
93% Тоҷикистонро куҳҳо ишғол мекунанд. Ҳавои Тоҷикистон камбориш ва кам абр мебошад. Ҳарорати миёна дар моҳи январ дар ҷанубу ғарбии Ҷумҳурӣ аз 2, −2 °C дар кӯҳистони дурдаст то −20 °C. Ҳарорат пастарин дар Помир то ба −63 °C мерасад. Дар моҳи июл бошад дар ҷанубу ғарбии Ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба 30 °C ва дар Помир 0 °C мерасад. Ҳарорати баланд то 48 °C мерасад.
[вироиш] Таърих
Тоҷикон аз нигоҳи олимон:
Лафзи тоҷик лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориён ё Эрони куҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н.Хаников мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷи-дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби муслимин ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи тоҷ, ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик (тожик, тоҷи, тоҷик)-ро чунин фушурда месозад:
- Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимои маъруфанд, қиёфаи ҷиддӣ, абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми
- машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то куҳҳои Тибет пахш шудаанд.
- Хамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд.
- Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон, Афғонистон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.
- Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориён аст.
- Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре Эрониёнанд. Тоҷикони дашти моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони кӯҳистонӣ ҳастанд. Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чунин афрод озода, озодзодагон гӯянд.
Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихи ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» аст.
Дурустии ин суханро нависанда ва олими Эрони Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи пахлавии «ТОҶИК» мансуб ба кабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рузгорро дида аст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори тоҷик зиндагӣ кардаанд ва оҳиста – оҳиста баъзе калимаҳои забони тоҷикиро пазируфтаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.
[вироиш] Бахшбандии кишварӣ
- Мақолаи асоси: Вилоятҳои Тоҷикистон
[вироиш] Иқтисод
Тоҷикистон ҳоло дар роҳи рушд аст. Бисёр корхонаҳову фабрикаҳо дар ҳоли ҳозир кор карда истодаанд ва бо кӯмаки дигар давлатҳо тариқи ҳамкори Тоҷикистон рӯз то рӯз ба пеш рафта истодааст.
[вироиш] Ҷуғрофия
Mountain | Height | Location | ||
Қуллаи Истиқлолият | 7,174 m | 23,537 ft | Northern border in the Trans-Alay Range | |
Kyzylart Pass | 4,280 m | 14,042 ft | Northern border in the Trans-Alay Range | |
Қуллаи Исмоили Сомонӣ (аз ҳама баландтарин) | 7,495 m | 24,590 ft | Шимоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |
Қуллаи Абуалӣ ибни Сино | 6,974 m | 22,881 ft | Шимоли Қуллаи Исмоили Сомонӣ | |
Қуллаи Корженевскӣ | 7,105 m | 23,310 ft | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |
Қаторкӯҳи Академияи Фанҳо | 6,785 m | 22,260 ft | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |
Қуллаи Конкорд | 5,469 m | 17,943 ft | дар сарҳади ҷанубӣ қаторкўҳи Қарақорум | |
Куллаи Карл Маркс | 6,726 m | 22,067 ft | сарҳади ҷанубӣ қаторкўҳи Қарақорум | |
Қуллаи Маяковскӣ | 6,096 m | 20,000 ft | сарҳади Афғонистон. |
[вироиш] Хоҷагӣ
[вироиш] Нигаҳдории тандурустӣ
[вироиш] Матбуот, радио ва телевизион
Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи "Бухорои шариф" дар 11-уми марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рўзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажўҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби "Таърихи матбуоти точик" И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи 19 ва оғози садаи 20 бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба точикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шўравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди "Чароғи рўз", "Растохез", "Сухан", "Адолат" ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои ҷанги Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо журналисти тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав чон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.
[вироиш] Адабиёт
[вироиш] Меъморӣ ва санъати тасвирӣ
[вироиш] Мусиқӣ ва театр
- Мусиқии Тоҷикистон
[вироиш] Маориф ва маданият
- Ислом дар Тоҷикистон
- Идҳои Тоҷикистон
- Расму оинҳои Тоҷикистон
[вироиш] Мавзӯҳои дигар
- Алоқа дар Тоҷикистон
- Нақлиёт дар Тоҷикистон
|
|
---|---|
Қазоқистон | Қирғизистон | ҶХЧ | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбакистон | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон |
|
Акс:EURASEC-Flag.png |
---|---|
Қазоқистон | Қирғизистон | Беларус | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбакистон | | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина |
|
|
---|---|
Арманистон | Белорусия | Гурҷистон | Қазоқистон | Қирғизистон | Молдова | Озорбойҷон | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбакистон | Украина | |
Кишвари-мушоҳидачӣ: Туркманистон |